Муаррифии барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)»

Муаррифии барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)»

25 июли соли 2023 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city» оид ба лоиҳаи Пардохти ҳушманд (Smart pay) бо гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 No586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» баргузор гардид.
Ба ҳайати Гурӯҳи корӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, сардори Раёсати пардохтҳои байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон Салоҳиддин Мирзоахмедов, муовини директори КВД «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода шомил буданд.

Аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифии барномаи «Smart pay (Smart pay)» намоиш дода шуд. Барнома имкон медиҳад, ки пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ, боҷҳо, ҷаримаҳо, додани иҷозатномаҳо ва литсензияҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ таъмин карда шавад.
Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ба талаботи консепсияи «Ҳукумати электронӣ» ҷавобгӯй мебошад ва аҳамияти ин ташаббус махсус таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати суръат бахшидан ба иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top