Иштироки Саъдӣ Самадзод директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳри Душанбе дар Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон

16 июни соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити дуюми минтақавӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он директори корхонаи воҳиди давлати «Шаҳри ҳушманд (Smart city) -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод иштирок ва бо маъруза баромад намуд.

Ҳадафҳои рушди устувор фарогири 17 самт аз он ҷумла: рушди иқтисодии шаҳри Душанбе, ноил шудан ба ҳаёти солим ва баланд бардоштани некуаҳволӣ, таълими фарогир, коҳиш додани ифлосшавӣ, инноватсия, инфрасохтор ва ғайра мебошад.

Саъдӣ Самадзод-директори КВД «Шаҳри ҳушманд» дар маърўзаашон оид ба самтҳои Ҳадафҳои рушди устувори қайдгардида, ки ба самтҳои фаъолияти корхона алоқаманданд, дар бораи лоиҳаҳои «еДониш»-барномаи электронӣ дар соҳаи маориф, «еТиб» – барномаи электронӣ дар соҳаи тандурустӣ, шаҳри бехатар, рушноии ҳушманд, «GPS monitoring” дар соҳаи нақлиёт, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ ва парки технологӣ (IT-Park) ибрози ақида намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top