5 сентябри соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод ва намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе низ иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ «Миллати солим», ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ва лоиҳаи «eTib» – и КВД «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 24 август Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ оид ба баррасии «Нақшаи миллии стратегии рақамикунонии системаи тандурустӣ барои солҳои 2023-2028» мизи мудаввар доир намуда буданд.
Вохӯрӣ самаранок буда, қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи лоиҳаҳо бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ муайян карда шуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед