Вохӯрии директори корхона бо намояндагони ширкати Технопарки Минск ва ширкати Science Solutions.

11 октябри соли 2022 директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод бо намояндагони Парки технологии шаҳри Минск ва ширкати Science Solutions мулоқот намуд.

Ҷонибҳо кори Технопарки Минскро баррасӣ намуда, аҳамияти татбиқи технопаркҳо ва IT-паркҳоро барои омода кардани заминаи илмию технологӣ барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ қайд карданд. Зимнан зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи IT-парк, ки аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд, кор бурда истодаанд.

Парки IT дар Душанбе маконе хоҳад буд, ки дар он афроди фаъол ва лаёқатманд ба далели мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд. Ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар мебошад.

Инчунин лоиҳаҳои ҳушманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт муҳокима карда шуд. Намояндагони ҳарду ҷониб аз таҷрибаи лоиҳаҳои бомуваффақияти худ гуфтанд ва нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top