7 сентябри соли 2022 вохӯрии Саъдӣ Самадзод, директори КВД «Шаҳри ҳушманд» бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба тандурусти ва Шарифзода Хушбахт Солим сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мавзӯи асосии мулоқот ин лоиҳаи «Миллати солим» – и Бонки Ҷаҳони буд, ки дар доираи он имкони ҳамкорӣ бо лоиҳаи «eTib» – и КВД «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ гардид. Лоиҳа пешниҳоди хизматрасонии босифати кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва таҳкими захираҳои инсониро дар бар мегирад.
Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ баҳри татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» – таъмини дастрасии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба хизматрасонии тиббии босифат тавассути идоракунии самаранок, маблағгузории устувор, таъмини қувваи корӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ равона гардидааст.
Ҷонибҳо қайд намуданд, ки барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббии муосир ва муқтадири тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютеркунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайянро ба анҷом бояд расонид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ афзалиятҳои асосии лоиҳа ва чораҳои минбаъда оид ба татбиқи онҳо баррасӣ гардиданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед