Вохури бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
27 апрели соли 2022 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city) – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини директори корхона Бобоев Фарҳод Рустамович бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протман ва атташе, мутахассис оид ба иқтисод ва ҳамкорӣ Яна Тис баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардид. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаи «eTib» дар соҳаи тандурустӣ ва лоиҳаҳои сабз (Green projects) дода шуд.
Аҳолии шаҳр сол то сол зиёд мешавад ва аз ин рӯ, ниёз ба трансформатсияи рақамӣ меафзояд. Бар асоси ин ҳадафи асосии лоиҳаҳо баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.
Вохӯрӣ самаранок гузашта дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими муносибатҳо баррасӣ шуд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед