Рўзи 6-уми августи соли равон ҳайати кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд” бо мақсади ошноии мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Боздиди ҳайъати кормандон аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» оғоз гардида, зимни боздид аз экспонатҳо ва ёдгориҳои вуҷуд дошта дар осорхона, ки муҳиммияти таърихиро доранд дидан намуда ба урфу одат ва ананаҳои гузаштаи ниёгони халқи тоҷик ошнои пайдо кардаанд.
Ҳамчунин, таърихи бостон ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори туҳфахазинаҳои давлатӣ, ки дар он ҳадяҳои ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам тақдимшуда ба тамошо гузошта шудаанд, дидан намуданд.
Воқеан, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои баланд гаштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед