4 августи соли 2022 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати кореягии «RexGen» бо иштироки муовини аввали Раиси Кумита Мирзо Хуршед Файзуллозода ба имзо расид.
Якҷоя бо ширкати RexGen дар шаҳри Душанбе ба тарзи пилотӣ камераҳои назоратӣ барои муайян кардани таваққуфгоҳи ғайриқонунӣ дар истгоҳҳои автобус насб гардида буд.
Дар доираи ҳамкориҳо дар назар аст, ки боз 200 камераҳои назоратӣ ва 150 камераи бо системаи назорати суръат дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ насб карда шавад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед