Баргузории конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри душанбе таҳти унвони «Рақамикунонии соҳаи маориф – омили асосии таълими босифат ва рушди таҳсилот»

22 августи соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, муовини раисони ноҳияҳои пойтахт, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, собиқадорони соҳаи маориф, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рақамикунонии соҳаи маориф – омили асосии таълими босифат ва рушди таҳсилот» бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи Конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа – Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, зикр намуданд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаи афзалиятнок ва калидии ҷомеъа буда, масъалаҳои ба он вобаста, ба хусус арзёбии фаъолият ва вазифагузорӣ дар назди сохторҳои он, ба хусус ташкилу баргузории машваратҳои кормандони соҳа дар арафаи соли нави таҳсил дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, дар назар аст паёмадҳои ин чорабинӣ ба рушди кори таълиму тарбия дар давраи пешомад, мусоидат хоҳанд кард.

Таи 4 сол аст, ки рақамикунонии соҳаи маорифи пойтахт бо маром идома дошта, ин падидаи нек бо ташаббуси бевоситаи Раиси бунёдкору навовари пойтахти азизамон шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгириҳои бевоситаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро амалӣ гашта, шаҳри Душанбе дар ин ҷода яке аз пешгомон ба шумор меравад.

Пояҳои таҳсилоти рақамӣ дар шаҳри Душанбе аз моҳи августи соли 2020 бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бунёдгузорӣ гардида, барои ҷорӣ намудани барномаҳои технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Ин падидаи нек дар мисоли системаи итилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» дурустии худро исбот намуда, механизми пайвастани маориф бо технологияҳои муосири рақамӣ дар муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе фазои рақамиро ба вуҷуд овард.

Дар идома, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда баромад намуданд. Ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути Барномаи электронии «eDonish» ба тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи замони муосир роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ заминагузорӣ намуда, самараи таваҷҷўҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф мебошад.

Сифати таҳсилот нишондиҳандаест, ки метавонад дар бораи ҷанбаҳои гуногуни раванди таълим, аз ҷумла самаранокии он иттилои муҳим пешниҳод намояд.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top