Вохӯрӣ бо намояндагони ширкати «Hafner Group»

1 феврали соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Пулод Бобозода ва директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод бо намояндаи ширкати «Hafner Group» Роберто Тарантини баргузор гардид.

Ширкат таҷҳизоти идоракунии энергетикии биомасса ва партовҳоро амалӣ мекунад. Ин саҳми арзишманд дар ҳифзи иқлим буда, идоракунии бехатари партовҳоро таъмин мекунад.

Аз ҷониби Роберто Тарантини рӯнамо пешниҳод шуд, ки дар он ӯ технология ва барномаи стратегии Тоҷикистон ва Душанберо оид ба истеҳсоли энергияи сабз аз партовҳо тавсиф кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» кор мекунад. Лоиҳа аз навъбандии партовҳои сахти маишӣ ва инчунин сохтмони корхонаи коркарди партовҳо иборат аст, ки ба беҳтар шудани муҳити экологии шаҳр мусоидат мекунад.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо нияти ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ афзалиятнокро изҳор карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top