5 марти соли 2025 Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.
Ҳадафи вохӯрӣ муаррифии лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» буд, ки бо ёрии ин харита мутахассисон метавонанд ҳолати объектҳои табииро ба таври муассир назорат намуда, баҳисобгирии майдонҳои сабз ва стратегияи беҳбуди вазъи экологии шаҳрро таҳия намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ тасмим гирифта шуд, ки механизмҳои ҷорӣ кардани ин система ба равандҳои кории Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва марҳалаҳои асосии озмоиш ва мутобиқсозии он муайян карда шаванд. Татбиқи чунин қарорҳои рақамӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди устувори шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии инфрасохтори шаҳр мувофиқат мекунад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед