13 марти соли 2025 вохӯрии намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони UNICEF ва Cambridge University Press баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки аз 11 то 14 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миссияи коршиносони донишгоҳи Кембриҷ (Cambridge University Press) баргузор гардид. Коршиносон рисолати баҳодиҳиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлили вазъиятии усулҳои баҳодиҳии омӯзиш ва системаҳои мониторинги сифат анҷом медиҳанд.
Ин ташхиси тадқиқотии системаи арзебии омӯзиш инчунин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон ва Узбекистон) низ гузаронида мешавад. Дар ин раванд UNICEF шарики иҷрокунанда буда, дар доираи он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои бањодињии миллӣ дар таҳияи дастури миллӣ оид ба баҳодиҳии таълимро дастгирӣ менамояд.
Дар робита ба ин, аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифии барномаи электронии «eDonish» пешниҳод карда шуд. Дар рафти муаррифӣ дастовардҳои барномаи электронии «eDonish» ва имкониятҳои нави он зикр гардиданд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соли хониши 2024 бақайдгирии хонандагони синфи 1 ба муассисаҳо тавассути барномаи электронии «eDonish» сурат мегирад. Ин иқдом дар доираи тадбирҳои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ амалӣ карда шудааст ва қадами муҳими гузариш ба системаи таҳсилоти электронӣ ҳисобида мешавад.
Вохӯрӣ самаранок гузашта ва ҷонибҳо нияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба ва мақсадҳоро дар соҳаи рақамикунонӣ ва такмили соҳаи маориф изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед