13 марти соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи «Лоиҳаҳои инноватсионии сабз»-ро дар самти «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ намуданд. Аҳамияти ташаббусҳои экологӣ дар рушди инфрасохтори шаҳрӣ, ки ба устувортар ва бароҳаттар шудани шаҳр барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт имконият фароҳам меоранд, қайд карда шуд.
Ба лоиҳаҳои баланд бардоштани самаранокии барқ, идоракунии самараноки партовҳои сахти маишӣ ва захираҳои об диққати махсус дода шуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона бо нияти ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва таҷрибаомузии пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳушманд гузашт.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед