Вохурӣ дар “Шаҳри бехатар”-и назди Вазорати рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Ҷумхурии Узбекистон

28 июни соли 2021 сафари Гуруҳи корӣ дар муассисаи давлатии Маркази расонидани мусоидат ба тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар»-и Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия идома ёфта, вохурӣ бо Куланов Улуғбек Қурбаназарович, муовини аввали Марказ баргузор гардид. Зимни гуфтугу ҷонибҳо масъалаҳои кори консепсияи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва камераҳои назоратӣ-мушоҳидавиро баррасӣ намуданд. Маркази мазкур тавассути камераҳои назоратӣ-мушоҳидавӣ қойидавайронкуниҳои зерин аз ҷумла гузаштан ба чароғаки сурх, пахши хати бозистӣ (стоп линия), баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва гаштан дар ҷойи маъншуда сабт намуда, ба қайд мегирад. Ҳамзамон, шаҳрвандон метавонанд қойидавайронкунии ҳаракати роҳро ба навор гирифта, тибқи барномаи мобилӣ ба сохторҳои дахлдор маводро барои тафтишу ҷаримабандӣ ирсол намоянд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top