Вохурӣ бо роҳбари намояндагии ширкати «ATLAS international» дар Ҷумҳурии Узбекистон

Санаи 29 июни соли 2021 гуруҳи кории КВД «Шаҳри ҳушманд» вохурӣ бо роҳбари намояндагии ширкати «ATLAS international» дар Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Захидов баргузор намуд.

Самтҳои асосии фаъолияти ширкати «ATLAS international» ин таҷҳизотҳо барои танзими ҳаракати нақлиёт, бақайдгирӣ ва азназаргузаронии воситаҳои нақлиётӣ, бехатарӣ ва истеҳсоли таҷҳизотҳои махсуси бехатарӣ.

Намояндагии ширкати «ATLAS international» омодагии худро оиди ҳамкориҳои минбаъда ва сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои марбут ба бехатарии роҳҳои наќлиётии шаҳри Душанбе изҳор намуданд.




Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top