Вохурӣ бо Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)

Санаи 16 июли соли 2021 дар дафтари Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мулоқоти Директори Корхона Саъди Самадзод бо ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва координатсия (TIKA) Иброҳим Эрбир, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот муҳтарам Саъдӣ Самадзод меҳмононро бо лоиҳаҳои корхона шинос карда, ҷонибҳо инчунин имкони татбиқи лоиҳаи IT-park дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Муҳтарам Иброҳим Эрбир, барои баланд бардоштани тахассуси мутахассисони шаҳри Душанбе дар соҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, шаҳрсозӣ ва дигар соҳаҳои гуногун, изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мулоқот дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд изҳор намуданд.


Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top