Вохӯрии КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» бо намояндагони ширкатҳои миллии Қазоқистон

19 майи соли 2021 дар идораи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»– и МИҲД-и шаҳри Душанбе, вохӯрии муовини директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Мансуров Баҳром бо намояндагони ширкатҳои миллии тиҷорати бузурги Қазоқистон аз ҷумла директори рушди тиҷоратии ҶДММ «Коркем Телеком» Алмереков Арман Булатович, директори ҶДММ «Essential Technologies LLC» Советов Мирас ва раиси шӯрои нозирони ҶДММ «Маркази технологияҳои иттилоотии ДАМУ» Елеманов Талгат Кайроллаевич баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ меҳмонон лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда, дурнамоии ҳамкориҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд”, ки ба рушди инфрасохтори шаҳр нигаронида шудаанд, муҳокима карданд, муовини директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Мансуров Баҳром низ дар бораи фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои амалкунанда суханрони кард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top