Табрикот ба муносибати интихоб шудани муҳтарам Рустам Эмомали ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 11-уми апрели соли 2025 иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустам Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалиро ба муносибати бори дигар ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон табрику муборакбод намуда, дар ифои ин вазифаи пурмасъул бурдбориҳои бузургу беназирро таманно дорем.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top