Санаи 2 августи соли 2023 тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 26 майи соли 2023 оиди таъсиси намояндагии маҳаллии Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа Муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед, сардори Раёсати кор бо ҷавон ва варзиши маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ, муовини Раиси иттифоќи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҳамрози Ҳамза, роҳбарият ва аҳли кормандони корхона дар кори ҷаласа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа таъсиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар КВД “Шаҳри ҳушманд” ва интихоби Раис намояндагӣ баррасӣ гардид. Дар натиҷа ќарор дар бораи таъсиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар корхона қабул гардид ва Саъдӣ Самадзод бо бештари овозҳо Раиси ин намояндагӣ таъин шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа директори Корхона бо сипосномаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед