Ташрифи Гурухи корӣ ба Парки инноватсионии шаҳри Тошканд (IT-PARK)

Рузи 29 июн Гуруҳи корӣ ба Парки инноватсионӣ (IT-Park)-и шаҳри Тошканд ташриф оварда бо Баходир Аюпов, роҳбари таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ оид ба робитаҳои байналмилалии IT-Park шинос шуданд. Парки инноватсионӣ (IT-Park)-и шаҳри Тошканд моҳи июли соли 2019 бо қарори девони вазирони Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шудааст. Зимни муаррифӣ маълум гардид, ки Парки инноватсионӣ (IT-Park)-и шаҳри Тошканд дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон дорои 140 марказҳои омузишӣ, 7 филиал ва инчунин ҳамкориро бо зиёда аз 460 резидент ба роҳ мондааст. (IT-Park)-и шаҳри Тошканд дар якҷоягӣ бо фонди ояндаи Дубайи Аморати Мутттаҳидаи Араб барномаи «Як миллион барномасоз» (One Million Uzbek Coders) роҳандози намуда ҳамзамон дар муассисаи таҳсилоти миёна иваз намудани фанҳои дарси ба мисоли фанни меҳнат ба барномасозӣ (программирование) ва расмкашӣ ба Web-дизайн, инчунин дар соли ҷорӣ ба курсҳои омузишии барномасозон фаро гирифтани 3000 нафар хонандагонро ба нақша гирифтааст.

Тибқи қонунгузорӣ Парки инноватсионӣ (IT-Park)-и шаҳри Тошканд дар шакли ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дар назди Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия таъсис дода шудааст. Парки инноватсионӣ (IT-Park) тибқи Оиннома дар самтҳои зерин: ҷалби стартапҳо, барномаҳои инкубатсионию акселератсионӣ, фондҳои давлатию хусусии венчурӣ, IT-таҳсилот, IT-минтақаҳои муосир, дастгирии ҳуқуқӣ, муҳосибӣ ва маркетингӣ барои IT-соҳибкорони навтаъсис фаъолият мекунад.

Айни ҳол Парки инноватсионӣ (IT-Park) татбиқи 17 лоиҳаро ба нақша гирифтааст, ки 12-тои он амалӣ шудааст. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади рушди соҳаи Парки инноватсионӣ дар истеҳсолот барои резидентон (IT-соҳибкорон) имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори Парки инноватсионӣ (IT-Park) қитаъи замин бо масоҳати 6,3 гектар ҷудо гардида, барои бунёди шаҳраки Парки инноватсионӣ (IT-Park) корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Дар охири вохурӣ Самадзод С.Х., директори КВД «Шаҳри ҳушманд» пешниҳод кард, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Парки инноватсионӣ (IT-Park)-и шаҳри Тошканд Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад, иқдоми мазкур аз тарафи роҳбарияти Парки инноватсионӣ (IT-Park) дастгирӣ карда шуд.












Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top