ОЗМУНИ “ИЛМ ВА АМАЛ”

21 майи соли 2024 дар Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи баргузории “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “АНДАРЗ” озмуни “Илм ва амал” баргузор карда шуд, ки дар он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода, роҳбарони зерсохторҳои Сарраёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи пойтахт, ҳайати ҳакамони озмун, инчунин, доираи васеъи хонандагону омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар озмуни мазкур 63 лоиҳа аз ҷониби хонандагони 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав ва муассисаи таълимии хусусии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷониби хонандагон 44 лоиҳаи ихтироъкорӣ ва 19 лоиҳаи инноватсионӣ муаррифӣ гардид.

Боиси зикр аст, ки ҶДММ “АНДАРЗ” ҳамчун муассиси Муассисаи таълимии хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ” соли 2016 ба фаъолият оғоз кард. ҶДММ “АНДАРЗ” аз соли 2023 доираи фаъолиятро васеъ намуда, иловатан хизматрасониро дар самтҳои зерин ҳам ба роҳ мондааст:
-ташкил ва гузаронидани тренинг ва семинарҳои фанниву тахассусӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (мактабҳое, ки таълимашон бо забони англисӣ аст);
-расонидани ёрии методӣ ба мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони МТМУ (мактабҳое, ки таълимашон бо забони англисӣ аст) – ба шакли иштирок ба машғулиятҳову дарсҳо ва дар натиҷаи таҳлили онҳо расонидани ёрии методӣ (аз ҷумла ба шакли ташкил кардани тренинг ва семинарҳо);
-таълифи китобҳои дарсӣ (фанҳои дақиқ бо забони англисӣ) ва бадеиву илмии бачагона;
-ташкили омодагӣ ва баргузории озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ (бештар фанҳои дақиқ-дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ) ва лоиҳавӣ(дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ).

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top