13 сентябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» бо роҳбарияти ширкати хитоии «Xiongan times Technology Group Co., LTD Abit investment (Hong Kong) Co., LTD.» баргузор гардид.
Мавзӯи асосии гуфтушунид лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» буд. Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо оиди мақсад ва аҳамияти лоиҳа барои шаҳри Душанбе рӯнамо пешниҳод карда шуд. Қайд карда шуд, ки лоиҳаи мазкур ҷамъоварии ҷудогона ва истифодаи самараноки партовҳоро таъмин мекунад.
Дар навбати худ, роҳбарияти ширкати хитоӣ лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард ва зарурати чунин корхонаҳоро барои коркарди дуюми партовҳои сахти маишӣ қайд намуданд.
Дар анҷом, ҷонибҳо хоҳиши ҳамкории минбаъда ва табодули таҷрибаро изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед