Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Рушди устувори шаҳри Душанбе»

Аз 1 то 5 июли соли 2024 миссияи Бонки Ҷаҳонӣ «Рушди устувори шаҳри Душанбе» барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» иборат аз иқтисодчии калон оид ба рушди шаҳрӣ Маркус Ли ва сармутахассис оид ба рушди шаҳрӣ Ян Гротманн-Хофлинг ба Душанбе ташриф оварданд. Дар доираи миссия як қатор вохӯриҳо бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳо дар назар аст.

1 июли соли 2024 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва мутахассисони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” бо миссияи бонк «Рушди устувори шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

2 июли соли 2024 гурӯҳи корӣ аз партовгоҳи шаҳри Душанбе ва якчанд корхонаҳои ҷамъоварии партовҳо дар ноҳияҳои пойтахт дидан намуданд, дар ҷараёни он ҷонибҳо аҳамияти системаи ягонаи идоракунии партовҳои сахтро қайд намуданд, ки дар он ҳар як ҷузъи партовҳо бо усули аз ҷиҳати экологӣ тоза коркард карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин миссия, баргузории Семинар бо ҷонибҳои манфиатдор барои муаррифии натиҷаҳои миссия ва табодули афкор ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти лоиҳа дар назар аст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top