Иштироки КВД “Шаҳри ҳушманд” дар Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе зери унвони “Душанбе- шаҳри ҳушманд” бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

20 майи соли 2024 дар ЭКСПО-маркази шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе зери унвони “Душанбе- шаҳри ҳушманд” бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, лоиҳаҳои худро оид ба рақамикунонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки дар тӯли 5 сол корхона лоиҳаҳои “eDonish” дар соҳаи маориф, “GPS tracker” дар системаи нақлиёт, лоиҳаи иҷтимоии “Wi-Fi”, “Пардохти ҳушманд (Smart pay)” ва дигар лоиҳаҳое, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт хизмат мекунанд, бомуваффақият амалї карда шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top