Иштироки намояндагони ГТЛ “Рушди устувори шаҳри Душанбе” дар тренинг оид ба арзёбии ҳуҷҷатҳои тендерӣ

Иштироки намояндагони ГТЛ “Рушди устувори шащри Душанбе” дар тренинг оид ба арзёбии ҳуҷҷатҳои тендерӣ

14 ноябри соли 2024 дар меҳмонхонаи «Хилтон» аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Арзёбии ҳуҷҷатҳои тендерӣ» тренинг баргузор гардид. Чорабинӣ иштирокчиёнро аз созмонҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» гирд овард.

Тренинг ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои худро боз ҳам такмил диҳанд. Дар омӯзиш вазифаҳои зерин баррасӣ гардиданд, таҳлили ҳуҷҷатҳои тендерӣ, гузаронидани арзёбӣ ва қабули қарорҳо оид ба муайян намудани ғолибони тендерӣ.

Омӯзиш як қадами муҳим дар таҳкими дониш ва малакаи мутахассисоне буд, ки дар расмиёти тендер ва идоракунии лоиҳа фаолият менамоянд. Иштирокчиён ба Бонки Ҷаҳонӣ барои фароҳам овардани имконият барои амиқтар кардани дониш ва такмили малакаҳои касбӣ изҳори сипос намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top