Иштироки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар семинари Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Санаи 7 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон семинар ва муаррифии “Ҳисоботи рушди кишвар ва иқлими Тоҷикистон” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ииштирок намуданд.

Зимни баргузории семинар масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии партовҳо, инчунин партови гази метан дар бахши коркарди партовҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Семинари мазкур барои иштирокчиён як платформаи муҳимро ҷиҳати табодули таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳо дар самти тағйирёбии иқлим, рушди устувор, навсозии инфрасохтори шаҳрӣ ва ҳамзамон ҳалли масъалаҳои экологии марбут ба коркарди партовҳоро фароҳам овард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top