ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ФОРУМИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО

ш. Қоҳира, Ҷумҳурии Арабии Миср.

4 ноябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва КВД “Шаҳри ҳушманд, дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо ширкат намуд.

12-умин Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо таҳти раҳбарии Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср танзим гардида, он дар мавзӯи «Ҳама аз маҳал оғоз меёбад: тадбирҳои маҳаллӣ баҳри рушди устувори шаҳрҳо ва ҷомеа» бахшида шудааст.

Дар чорабинии мазкур беш аз 20000 намоянда дар ҳайати расмии 182 кишвари олам, хусусан сарони панҷ давлат ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат намуданд. Форум бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ифтитоҳ гардида, он то санаи 8 ноябри соли равон дар самтҳои муҳими ҷаҳон идома хоҳад ёфт.

Масъалаҳои асосии дар форум баррасишаванда мавзӯъҳои зеринро фаро мегиранд: а) манзилҳои арзон; б) шаҳрҳо ва варзишҳои зимистона; в) кибер дар ҳамоишҳо; г) маҳалликунонии имкониятҳо ва молияи маҳаллӣ; д) беҳдошти инсон дар асри рақамӣ; е) таҳаввулоти мусбӣ.

Ҳамзамон дар доираи форум мизони муҳокима ва пешниҳоди таҳассусӣ вобаста ба амалҳои мушаххас ва табодули таҷриба дар самтҳои калидӣ баргузор мегарданд.

Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо соли 2000 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҳамгироӣ ва муколамаи шаҳрҳо ва минтақҳо баҳри ҳалли масъалаҳои мубрамӣ ба маҳалликюнонии Ҳадафҳои Рушди Устувор алоқаманд таъсис дода шудааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top