14 марти соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид.
Аз теъдоди умумии интихобкунандагон 536648 нафар, дар интихобот 480472 нафар иштирок карданд, ки 89,5 фоизро ташкил дод.Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ дар 70 ҳавзаи шаҳрӣ 214 нафар номзад ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ ва номнавис гардиданд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ рӯзи 2 марти соли 2025 70 нафар номзадҳое, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд.
Дар иҷлосия аввалин шуда, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ савганд ёд карда, дигар вакилон аз рӯи тартиби шумораи ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.
Дар иҷлосия масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номзадии Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанберо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе пешбарӣ карданд. Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо дарёфти аксар овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати ҳафтумро ба муносибати оғози фаъолияташон табрик намуда, дар масъулияти вакилӣ ба онҳо дасту дили пок ва хизмати шоиста ба халқро таманно намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе кулли ҳозиринро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро орзу намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.
t.me/RustamEmomali Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед