ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

ш.Душанбе,13.03.2020. Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти маркавзии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 8 масъала, аз ҷумла, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, интихоби раис ва аъзои онҳо, таъсиси комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе ва доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Дар ибтидои кори иҷлосия раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар пойтахт 70 комиссияи ҳавзавӣ ва 202 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд.

Аз теъдоди умумии интихобкунандагон 358419(сесаду панҷоҳу ҳашт ҳазору чорсаду нуздаҳ) нафар, дар интихобот 314340 (сесаду чордаҳ ҳазору сесаду чил) нафар иштирок карданд, ки 87,7 фоизро ташкил дод.

Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ дар 70 ҳавзаи шаҳрӣ 229 нафар номзад ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ ва номнавис гардиданд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ рӯзи 1 марти соли 2020 70 (ҳафтод) нафар номзадҳое, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд.

Ҳамин тавр, ба ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 19 нафар вакил аз соҳаи саноату сохтмон, 16 нафар аз илму маориф, 20 нафар молия ва иқтисодиёт, 5 нафар ҳуқуқшинос, 2 нафар аз ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, 7 нафар аз соҳаи тандурустӣ, 1 нафар аз соҳаи кишоварзӣ интихоб гардиданд.

Аз ин шумора 29 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин ба 41,4 фоизи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баробар аст.

Аз лиҳози ҳайати ҳизбӣ бошад, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 58 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, 1 нафар аъзои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, 1 нафар аъзои Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, 1 нафар аъзои Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ва 7 нафар ба тариқи худпешбарӣ шомил мебошанд.

Пас аз гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашумро тасдиқ намуд.

Вакилони тозаинтихоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳукуқии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе савганд ёд карданд.

Дар иҷлосия аввалин шуда, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ савганд ёд карда, дигар вакилон аз руи шумораи тартиби ҳавзаҳо ин маросимро ба ҷо оварданд.

Сипас вакилони халқ Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо тасдиқ карданд.

Дар иҷлосия 12 комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, аз ҷумла оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия; рушди иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ; буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ;нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо; меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ; ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ; фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия; саноат ва энергетика; сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ; масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак; ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, инчунин назорати риояи дастури маҷлиси вакилони халқ таъсис ёфта, раис ва аъзои онҳо интихоб гардиданд.

Ҳамчунин комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе ва доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуданд.

Дар иҷлосия масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номзадии Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанберо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе пешбарӣ карданд.

Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарёфти аксар овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фарҷоми кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати шашумро ба муносибати оғози фаъолияташон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки мардуми сарбаланди пойтахт бо баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои созандагиву ободонӣ дар боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Хабар медиҳад.

Илова кунед

scroll to top