Форуми СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология ва инноватсия.

Ба ифтихори 10-умин солгарди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва 22-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Чиндаои музофоти Шандуни Чумҳурии Халқии Хитой Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология ва инноватсия баргузор гардид.

Рушди ҳамкориҳо-мавзўи калидии Форум буд. Чорабинии бонуфузи байналмилалӣ ба як платформаи нави рушд ва таҳкими мубодила ва ҳамкориҳои байни Чиндао ва шаҳрҳои кишварҳои узви СҲШ табдил ёфт. Дар форум беш аз 400 нафар иштироккунандагон аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сиёсатмадорон, сафирон дар Љумҳурии Халқии Хитой, намояндагони котиботи СҲШ ширкат доштанд.

Дар майдонҳои форум табодули густурда дар соҳаҳои гуногун, аз қабили илм, технология, инноватсия, маориф ва коҳиши камбизоатӣ сурат гирифт.

Дар ин Форум таҷрибаи шаҳри Душанбе дар самти рақамикунонӣ намоиш дода шуд ва лоиҳаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардиданд.

Баргузории бомуваффақияти Форум аҳамияти бузург дошта, ба рушди табодули башардӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои СҲШ, минтақаҳо ва бахусус байни шаҳрҳои дӯст мусоидат мекунад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top