ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 14.03.2020. Имрӯз дар доираи чорабиниҳои бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишии Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардиданд.

Дар дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун аз тамоми қишрҳои ҷомеа фаъолона иштирок карданд.

Мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқҳои варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот тақдим карда шуданд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Хабар медиҳад.

Илова кунед

scroll to top