Боздиди муовини Раиси шаҳри Душанбе аз Маркази Хитой оид ба интиқол ва технологияи кишварҳои узви СҲШ

15 июни соли 2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзод Сидҷовуддин аз Маркази Чин оид ба интиқол ва технологияи кишварҳои узви СҲШ боздид намуданд.

Маркази интиқоли технологияҳои номбурда ба суръат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва интиқоли технологияҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) равона шудааст. Маркази интиқоли технологияҳо байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва кишварҳои узви СҲШ, ки дар музофоти Шандун дар шарқи Хитой кушода шудааст, ки ҳудуди 20 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он ба минтақаҳои интиқол ва трансформатсияи технологияҳо, минтақаи намоишгоҳи мубодилаи фарҳангӣ, инноватсия ва дигар минтақаҳои хидматрасонӣ тақсим карда мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси марказ фароҳам овардани замина барои ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ, инчунин табодули фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top