13 майи соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд» ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед баргузор гардид. Мақсади асосии ҷаласа татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, иҷрои қарорҳои дахлдор ва супоришҳои протоколии ҷаласаҳои назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба масъалаи “Пардохти ҳушманд (Smart Pay)” мебошад.
Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаи гузариши сохторҳои шаҳрӣ ба низоми ғайринақдӣ, ҳамчунин истифодаи васеи “Smart Pay” дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдои пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкорӣ бо низоми “Пардохти ҳушманд” ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути рақамисозӣ ва соддагардонии равандҳои пардохтро таъкид намуданд. Ҳамзамон, барои боз ҳам мукаммал гардонидани барнома пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби иштирокчиён қабул гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома, муовини Раиси шаҳри Душанбе, бо назардошти пешниҳодҳои ироашуда, ба намояндагони сохторҳои марбут дастурҳои равшан ва супоришҳои мушаххас барои беҳтар намудани фаъолияти ҳаррӯзаи масъулон дода, зарурати татбиқи фаврии онҳо таъкид намуд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, густариши иқдомҳои муштарак ва татбиқи босамари низоми “Smart Pay” дар тамоми бахшҳои хизматрасонии шаҳрӣ изҳор доштанд.







Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte