Иштироки мутахассисони КВД “Шаҳри ҳушманд” дар форуми “GITEX AI Central Asia & Caucasus 2026”

Рӯзҳои 4-5 майи соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон форуми байналмилалии “GITEX AI Central Asia & Caucasus 2026” баргузор гардид. Чорабинӣ ба масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, финтек (технологияҳои молиявӣ) ва бонкдории рақамӣ бахшида шуда, намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд” низ дар он иштирок намуданд.

Маҳалли баргузории форум бузургтарин маркази намоишгоҳии Атакент буд, ки дар он намояндагони ҳукуматҳо, корпоратсияҳои байналмилалӣ, стартапҳо ва фондҳои сармоягузорӣ ҷамъ омаданд. Форум бо дастгирии Вазорати зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин дар ҳамкорӣ бо “Astana Hub” ва ҳукумати шаҳри Алмато баргузор гардид.

Ин чорабинӣ ба ширкатҳо ва мутахассисон имконият фароҳам овард, то таҷрибаҳои пешрафта ва роҳҳои нави ҳамкориро баррасӣ намоянд. “GITEX AI Kazakhstan” ба як майдони муҳим табдил ёфт, ки дар он технология, молия ва зеҳни сунъӣ ҳамчун омилҳои калидии рушди иқтисодиёти рақамӣ муаррифӣ гардид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top