14 апрели соли 2026 дар бинои Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе семинар оид ба таҳияи Стратегияи рушди дарозмуддат бо сатҳи пасти партовҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (LT-LEDS) баргузор гардид.
Мавзӯи асосии семинар ба бахшҳои калидӣ энергетика, кишоварзӣ ва идоракунии партовҳо бахшида шуда, дар он намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ иштирок намуданд.
Ҳадафи семинар муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои охирини таҳлилӣ, мутобиқсозии онҳо бо маълумот ва сиёсати миллӣ, инчунин муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаҳои митигация, мутобиқсозӣ ва сармоягузорӣ мебошад.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte