16 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамошои мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати кормандони корхона иштирок намуда, нуктаҳои асосии суханронии Сарвари давлатро, ки самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли оянда муайян мекунанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Паёми имсола ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат ва соҳаи иҷтимоиро фаро гирифта, дурнамои рушди устувори кишварро муайян намуд.
Кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» зимни ҳамоиш омодагии худро барои иҷрои саривақтии дастурҳои Президенти кишвар, бахусус дар самти татбиқи консепсияи «Шаҳри ҳушманд» ва ворид намудани инноватсияҳо ба зерсохторҳои шаҳрӣ, баён доштанд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte