Иштироки роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» дар Форуми «Asia Smart City Conference 2025» дар шаҳри Йокогамаи Ҷопон

Аз 25 то 27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Йокогамаи Ҷопон форуми «Asia Smart City Conference 2025» баргузор мегардад.

Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои технологӣ, муассисаҳои илмӣ ва маъмуриятҳои шаҳрӣ аз 40 кишвари ҷаҳон ҷамъ омадаанд. Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин форум иштирок намуд.

Дар барномаи форум баргузории ҷаласаҳои пленарӣ, сессияҳо оид ба рушди шаҳрҳои «Ҳушманд», мубодилаи таҷрибаҳои шаҳрӣ ва тиҷоратӣ, муаррифии лоиҳаҳои технологӣ, инчунин чорабиниҳои махсуси марбут ба омодагӣ ба GREEN EXPO 2027 пешбинӣ шудааст.

Имсол форум ба мавзӯи «Towards a Circular Society» бахшида шудааст, ки ба гузариши шаҳрҳо ба иқтисодиёти даврӣ, устувории экологӣ ва бетарафии карбон равона гардидааст.

Иштироки роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» дар Форуми Asia Smart City Conference 2025 ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани ҳалли рақамии муосир дар инфрасохтори шаҳр мусоидат мекунад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top