Санаи 27 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати машваратии “Эколайн Интернейшнл” семинар оид ба татбиқи раванди арзёбӣ ва идоракунии иҷтимоӣ, экологӣ ва низоми ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни баргузории семинар масъалаҳои иҷтимоӣ ва экологӣ, инчунин стандартҳои Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Семинари мазкур то 31 октябри соли ҷорӣ идома ёфта, барои иштирокчиён як платформаи муҳим ҷиҳати табодули таҷриба, баррасии мушкилоти мавҷуда ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои муассир дар самти тағйирёбии иқлим, рушди устувор, навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла коркарди самараноки партовҳо фароҳам меорад.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte