Иштироки меҳмонони олиқадр дар Намоишгоҳ ва ҷамъбасти чорабинии ICT week

10 апрели соли 2025 бо мақсади иштирок дар чорабинии ICT week Президенти парлумони Венаи Ҷумҳурии Австрия Эрнст Воллер бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаҳои муваффаки пешниҳодшудаи намоишгоҳи «ICT WEEK» барои роҳбарияти парлумони Вена муаррифӣ намуданд.

Пас аз шиносои бо Намоишгоҳ меҳмонон дар чамъбасти ин чорабинӣ суханронӣ намуда, роҳбарияти шаҳри Душанберо бо ифтитоҳи IT – парк ва анҷоми ICT week табрик намуда, дар маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳо иштирок намуданд.

Иштироки меҳмонони байналмилалӣ дар чорабинии ICT week дар шаҳри Душанбе на танҳо ба пешбурди технология дар Тоҷикистон, балки таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва барои рушди минбаъдаи бахши IT дар кишвар имконият фароҳам меорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top