Иштироки намояндагони шаҳри Душанбе дар Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо

Дар рӯзҳои баргузории Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо, 6 ноябри соли 2024, дар шаҳри Қоҳира (Мисри Араб) ассамблеяи Генералии ОГМВ-Евразия маҷлиси умумии аъзоён, ки ҳар се сол як маротиба доир мешавад, баргузор гардид.

Президенти ОГМВ Авруосие, президенти кумитаи Машваратии СММ оид ба масъалаҳои худидоракунии маҳаллӣ, шаҳрдори Қазон Илсур Метшин ба иштирокчиён бо сухани табрикотӣ муроҷиат карданд.

Тибқи банди якуми рӯзнома, Дабири кулли ОГМВ-Авруосиё Расих Сагитов дар бораи фаъолияти созмон дар се соли охир гузориш намуда, дар бораи чорабиниҳои калидии шӯъбаи Авруосиё, кор дар соҳаи иттилоъ додан ба Мақомоти маҳаллии Авруосиё дар бораи ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), саҳмгузорӣ дар ҳифз ва маъруфсозии мерос, таҳияи баррасии намояндагии занон дар роҳбарияти шаҳрҳои Авруосиё ва нақши ОГМВ-Авруосиё дар тамоми самти рушди шаҳрҳо ҳисобот доданд.

Ҳамчунин муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонӣ, татбиқи як қатор лоиҳаҳои марбут ба идоракунии нақлиёт, иқтисоди рақамӣ, тибби ҳушманд, равшанӣ ва энергияи сабз баромад намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top