Форуми миллӣ оид ба шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ: «Душанбе – ояндаи ҳушманд ва устувор»

22 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми миллӣ оид ба шарҳи ихтиёрии маҳаллӣ: «Душанбе – ояндаи ҳушманд ва устувор» баргузор гардид.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо шарикони байналмилалии рушд дар шаҳри Душанбе кор оид ба лоиҳаи «Баррасии ихтиёрии миллии шаҳри Душанбе» идома дорад.

Баррасии ихтиёрии миллӣ равандест, ки дар он кишварҳо дар бораи кӯшишҳои худ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ гузориш медиҳанд. Ин баррасӣ ба кишварҳо имкон медиҳад, ки дастовардҳои худро арзёбӣ намуда, мушкилотҳоро муайян кунанд ва таҷрибаҳои беҳтаринро мубодила намоянд.

Кор дар ин лоиҳа ба пешрафт дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top