ТАҲЛИЛИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ БАРНОМАИ ЭЛЕКТРОНИИ «ЕDONISH» ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ДАВОМИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023.

20 феврали соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, сармутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Субҳиддин Раҳмонов ва Комилзода Дилноза, сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳои назорати ҷиддии давомоти хонандагон, махсусан хонандагони синфҳои 11, сару либоси тавсиявии ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон, бо ашёҳои хониш иштироки хонандагон дар дарсҳо, ташкили шанбегиҳои экологӣ, пешгирии маблағҷамъкуниҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷоннок намудани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 март Рӯзи модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, ба мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 баён доштанд, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 21 феврал то 4 марти соли 2023 ҷиҳати ҷалби мутахассисони равияи омўзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вохӯриҳои таблиғотӣ баргузор гардида, дар вохӯриҳо шахсан иштирок намоянд ва аз ҳисоби хатмкунандагон вобаста ба эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ омӯзгоронро ба кор ҷалб намоянд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа аз ҷониби сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Субҳиддин Раҳмонов, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе “Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” амалӣ гашта истодааст.

Барномаи мазкур, шуруъ аз соли таҳсили нави таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии пойтахт бо фарогирии 203 ҳазору 444 нафар хонанда пурра роҳандозӣ карда шуда, татбиқи он яке аз воситаҳои муассир барои таҳким ва таъмини устувории робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барнома дорои унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ мебошад.
Баҳри татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таълимӣ пурра шабакаи ягонаи иттилооти маҳаллӣ бунёд карда шуда, ҳар як синфхонаи таълимӣ ба шабакаи Интернет пайваст гардид. Ин имкон фароҳам овардааст, ки синфхонаҳои таълимӣ бо компютерҳои муосир таъмин карда шуда, ҳар омӯзгор бевосита бо мақсадҳои таълимӣ аз шабакаи Интернет васеъ истифода намояд.

Субҳиддин Раҳмонов дар идома зикр намуданд, ки таҳлили фаъолияти барнома дар давраи ҳисоботӣ самаранокии татбиқи онро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва назорати пурзӯри раванди таълиму тарбияи насли наврас нишон медиҳад. Чунончи, барномаи мобилии “eDonish”-ро дар телефонҳои “android” ва “ios” зиёда аз 22 000 нафар боргирӣ намудаанд. Ҳамзамон, барои 161 855 нафар волидайн саҳифа (аккаунт) кушода шуда, аз сентябри соли 2022 – 12000 нафар волидайн аз барнома фаъолона истифода мебаранд. Шумораи паёмакҳои фиристода ба телефони ҳамроҳи волидон дар марҳилаи дуюм ба 80 000 адад баробар гашт. Дар чоряки дуюм нисбат ба чоряки якум 2 миллиону 322 ҳазору 521 баҳо, ё худ 52,7% бештар баҳо гузоштанд. Баъд аз гузаронидани таҳлили дуюм ва мушаххас намудани камбудиҳои ҳамаи муассисаҳо бошад, фаъолнокии истифодаи барнома 2,4 маротиба афзуд. Аз аввали соли ҷории таҳсил дар маҷмуъ тариқи барномаи мазкур ба хонандагони 105 муассисаи таълимӣ 16 миллиону 761 ҳазору 395 баҳо гузошта шудааст.
Дар анҷом аз ҷониби масъули Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Субҳиддин Раҳмонов ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати татбиқи босамари барномаи мазкур изҳори сипос намуд.

САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top