Сафари кории намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» ба шаҳрҳои Истамбул ва Анкараи Ҷумҳурии Туркия.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз санаи 16-24 июни соли 2022 ҳайати намояндагон, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, КВД “Шаҳри ҳушманд”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъияти “Илмхона” ҷиҳати мубодилаи таҷриба дар самти шаҳри ҳушманд ва технологияҳои рақамӣ ба шаҳрҳои Истанбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуданд.

Аз санаи 16-24 июни соли 2022 вохурӣ бо намояндагони “Cup Hub”, Технопарк, Донишгоҳи Техникии Йылдиз (ТУЙ) ва мақомоти Бағчилар, технопарки Стамбул дар мавзуи Технопаркҳо, стартапҳо, муҳити зист, соҳаи саноат ва бизнес-инкубатор баргузор гардид.

Дар давоми сафар, 21 июни соли 2022 ҳайати мазкур дар шаҳри Анқара бо масъулини Вазорати муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия вохӯрӣ намуда, вобаста ба дастовардҳо, стратегияи барномаҳо ва лоиҳаҳои низоми “Шаҳри ҳушманд”-и Туркия маълумоти зарурӣ дастрас намуданд. Инчунин бо намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои Туркия ва технопарки “TeknoPark Ankara” вохӯрӣ намуда, оид ба қонунгузорӣ, фаъолият ва лоиҳаҳои технопаркҳо мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин аз санаи 22-23 июни соли 2022 як қатор вохуриҳо бо намояндгони маркази бизнеси (Галата), Турк Телеком ва Донишгоҳи техникии Стамбул анҷом дода шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top