Вохӯри бо намояндагони Бонки рушди АвруОсиё

22 июн дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори корхона Саъдии Самадзод бо директори Намояндагии Бонки рушди АвруОсиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Никулин Н.Н., сардори Раёсати стратегия ва ташаббусҳои соҳибкорӣ Артемьев С.А. ва коршиноси Раёсати стратегия ва ташаббусҳои соҳибкорӣ – Д.П.Абрамцов.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти татбиқи лоиҳаи «Хизматрасониҳои давлатӣ», ки аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» корбари намуда аст, баррасӣ гардид. Портали «Хизматрасониҳои давлатӣ» як портали маълумотӣ ва иттилоотии интернетӣ мебошад, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрасӣ ба маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ва коммуналиро фароҳам меорад. Қайд кардан муҳим аст, ки дар портал шумо метавонед барои ҳама гуна хидматҳое, ки аз тарафи сохторҳои коммуналии шаҳр, бақайдгирии ҷои зист ва ғайра муроҷиат кунед.

Вохурӣ дар вазъияти дустона баргузор гардида, ҷонибҳо ниятҳои худро барои ҳамкориҳои минбаъда ва табодули таҷриба изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top