10 октябри соли 2022 вохӯрии директори Корхона Саъди Самадзод бо намояндагони Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии Озарбойҷони назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон «Asan xidmet» баргузор гардид.
Хадамоти «ASAN» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев № 685 аз 13 июли соли 2012 бо мақсади кам кардани хароҷоти иловагӣ ва талафоти вақти шаҳрвандон, риояи қоидаҳои ахлоқӣ ва муоширати хушмуомила, баланд бардоштани сатҳи касбӣ, шаффофият, эътимод ба мақомоти давлатӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, истифодаи васеътари хизматрасониҳои электронӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти институтсионалӣ таъсис дода шудааст.
Мавзуи асосии вохӯри лоихаи «Хизматрасониҳои давлатӣ» буд. Намояндагони «Asan xidmet» аз таҷрибаи бомуваффақияти татбиқи лоиҳа, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд ба хадамоти «АSAN» барои хидматрасонии мақомоти гуногуни давлатӣ ва ташкилотҳо дар як платформаи ягона муроҷиат кунанд.
Вохӯрӣ самаранок гузашт, ҷонибҳо нияти ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳумро оид ба ҳамкорӣ изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед