Механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе
18-уми июли соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории машваратӣ оид ба механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ баргузор гардид, ки дар он Дилшод Сафарзода – муовини вазири маориф ва илм, Баҳром Исмоилзода – сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, кормандон, намояндагони ташкилотҳои амонативу қарзӣ, масъулони бонкҳои хусусиву давлатӣ, муҳосибону китобдорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Дилшод Сафарзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос карда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад. Вобаста ба ин, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” Вазорати маориф ва илм чораҳои саривақтӣ андешида, тадбирҳои заруриро ба роҳ мондааст. Махсусан, пардохти тамоми хизматрасонии пулакӣ аз қабили иҷрои китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ тақозои замон ба ҳисоб меравад.
Сипас, доир ба татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф намояндагони КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”, ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл”, ҶСП “Бонки Байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСП ТАКҲ “Ҳумо”, ҶСП “Душанбе сити Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСК “Тавҳидбонк” барномаву пешниҳодҳои худро ба ҳозирин ироа намуданд.
Дар идома Баҳром Исмоилзода барои татбиқ ва иҷрои фармони мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.
Дар охир миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт. Вобаста ба саволҳои иштирокчиёни ҷаласа намояндагони бонкҳо ва шахсони дахлдор ҷавобҳои худро ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед