8 августи соли 2024 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти «Freedom bank» – и Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Бонки инноватсионии Ҷумҳурии Қазоқистон дар таъмини хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ ва корхонаҳои хурд тахассус дорад ва яке аз пешрафта дар ин бахш дар мамлакати онҳо мебошад. Бонк нақша дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии худро дар мӯҳлати миёнамӯҳлат таъсис диҳад.
Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳо ва молияро муҳокима карданд, ки метавонанд ба рушди мутақобилаи техникии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед