Вохӯрии КВД «Шаҳри ҳушманд» бо ширкати «International Data Corporation (IDC)»

5 феврали соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти ширкати «International Data Corporation (IDC)» баргузор гардид.

Ширкати «International data corporation (IDC)» тадқиқоти мустақили рақамикунонии Тоҷикистонро бо мақсади арзёбии вазъи кунунии инфрасохтори рақамӣ, ошкор кардани мушкилоти асосӣ ва самтҳои ояндадори рушд анҷом медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот ҳуҷҷати таҳлилии оммавӣ – китоби Сафед оид ба табдили рақамии Тоҷикистон таҳия карда мешавад.

Аз ҷониби «Шаҳри ҳушманд» муаррифии лоиҳаҳои корхона пешниҳод карда шуд ва инчунин масъалаҳои ҳолати кунунии рақамисозӣ, мушкилоти асосӣ ва самтҳои ояндадори рушд муҳокима карда шуданд.

Мулоқот самаранок гузашт ва ҷонибҳо самтҳои имконпазири ҳамкорӣ, аз ҷумла табодули дониши коршиносон ва иштирок дар таҳияи тавсияҳоро баррасӣ намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top