3 марти соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид баргузор гардид.
Мавзӯи асосии вохӯрӣ бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва ҳамоҳанг намудани платформаҳои рақамии соҳаи маориф баррасӣ гардид.
Вобаста бар ин Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи татбиқи лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” аз барномаҳои рақамии соҳаи маориф таҳлил гузаронида истодаанд.
Зимни вохурӣ аз ҷониби мутахассисони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” ба ҳозирон муаррифӣ гардид ва хуб пазируфта шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ санаи 4 марти соли 2025 дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ва намояндагони дигар раёсату идораҳо баргузор гардид.
Аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи “EMIS”муаррифӣ гардид.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва нияти ҳамкориҳои минбаъда анҷом ёфт.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед