Вохӯрӣ бо Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 феврали соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел баргузор гардид.

Мавзӯи асосии вохӯрӣ лоиҳаи «Дугоникҳои рақамӣ» буд, ки дар асоси лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ки бо фармони Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 марти соли 2024 амалӣ мегардад, татбиқ мешавад.

Лоиҳаи «Дугоникҳои рақамӣ» эҷоди модели маҷозии инфрасохтори шаҳрро дар бар мегирад, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти шаҳр, аз ҷумла инфрасохтор, равандҳои иҷтимоиву-иқтисодӣ, ва инчунин раванди фаъолияти онҳо дар вақти воқеӣ инъикос мекунад.

Ҷонибҳо ҳамчунин имкони идомаи ҳамкорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шаҳри Сабз, ҷузъҳои равшандиҳии шаҳр, инчунин ҷорӣ намудани автобусҳои барқӣ ва мошинҳои барқӣ барои беҳсозии ҷараёни ҳаракати нақлиёт баррасӣ карданд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва нияти ҳамкориҳои минбаъда оид ба татбиқи лоиҳаҳои пешбинишуда анҷом ёфт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top